Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдуллоев муовинашро танбеҳ додааст


Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки 7-уми октябр баргузор шуд, шаҳдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муовинаш Абдулҳақ Оев ва чанд масъули дигар танбеҳ додааст. Ӯ ҳамчунин ба ин зердастонаш гуфтааст, дар сурати такрори чунин бемасъулиятӣ аз вазифа барканор хоҳанд шуд. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ гуфт, ки ин танбеҳ ба Абдулҳақ Оев барои пурра ҳалл накардани муроҷиати раиси маҳаллаи Авул-1 дода шудааст. Раиси маҳалла аз шаҳдрорӣ хоста буд, ки хатсайри автобуси №37-ро то маҳаллаи Авул-2 тамдид кунанд. Сабаби дигари муҷозоти муовини шаҳрдор, ба гуфтаи Шавкат Саидов, саривақт ҷудо накардани қитъаи замин ба сокинони маҳаллаи Саҳбо будааст. Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе ба ин далел ки ин замин дар марзи қабристони Сариосиё қарор дошт, аз додани он ба сокинони маҳалла даст кашидаанд.
Муҳаммадсаид Убайдуллоев гуфтааст, ки дар сурати идомаи беэътиноӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон нисбат ба масъулон муҷозоти шадидтаре, ҳатто "то ҳадди аз мансаб озод кардан" андешида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG