Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Вазиристони Шимолӣ 4 сарбози покистонӣ кушта шуданд


Дар шимоли ғарби Покистон дар инфиҷори бами роҳ дастикам 4 сарбоз кушта шудаанд. Мақомоти расмии минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ мегӯянд, дар ҳамлаи рӯзи якшанбе 7 сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи мақомот, мошини ҳомили сарбозон субҳи рӯзи якшанбе ҳангоме, ки аз Мироншоҳ-маркази идории Вазиристони Шимолӣ ба шаҳри Банну ҳаракат мекард, ба бам бархӯрда мунфаҷир шудааст.

Абу Басир, ки худро сухангӯи гурӯҳи хурди муҷоҳидони Ансоруллоҳ муарифӣ кард, иддао дорад, ки ин ҳамларо гурӯҳи онҳо анҷом додааст.

Вазиристони Шимолӣ маҳаллест, ки дар он ҷо тундравҳои араб, покистонӣ, афғон ва Осиёи Марказӣ фаъолият ва бо Ал Қоидаву Толибон ҳамкорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG