Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ аз Конгресс хост, ки ба “shutdown” хотима диҳад


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, қатъи муваққати фаъолияти ҳукумати Амрико ё “shutdown” ба ҷаҳониён паём мефиристад, ки Вашингтон наметавонад бо душвориҳои сисёсиву молии худ мубориза кунад.

Бо вуҷуди ин Ҷон Керрӣ рӯзи шанбе дар Балӣ, дар Индонезия гуфт, “дӯстону душманон”-и Амрико дар саросари ҷаҳон набояд аз “shutdown”-и ҳукумати Амрико дучори иштибоҳ шаванд, зеро он танҳо як “лаҳзаи сиёсист”.

Ҷон Керрӣ дар Индонезия дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиё ширкат меҷӯяд ва раҳбарии ҳайати Амрикоро дар мулоқоти 5-7 октябри раҳбарони созмони Ҳамкориҳои иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором бар уҳда дорад. Барак Обама-раиси ҷумҳур аз сафар ба Индонезия ва ширкат дар ин мулоқот худдорӣ кард, зеро дар Амрико “shutdown”-и ҳукумат идома дорад. Ин “shutdown” ҳоло вориди рӯзи панҷӯм шудааст.
XS
SM
MD
LG