Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Миср аз сар гирифта шуданд


Дар Қоҳира ва чанд шаҳри Миср задухӯрдҳо миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ аз сар гирифта шуданд.

Гирдиҳамоии ҷонибдорони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” дар майдони Таҳрири Қоҳира аз сӯи нерӯҳои амниятӣ бо истифода аз гази ашковар ва тирандонӣ ба фазо пароканда карда шуд. Бар пояи хабарҳо, дасти кам як тан аз эътирозгарон ба ҳалокат расид. Дар ду маҳаллаи дигари пойтахт, аз ҷумла, дар назди масҷиди Рабъа ал-Адавия низ ҳамоиши ҷонибдорони Мурсӣ баргузор шуд.

Дар шаҳри бандарии Искандария ва шаҳри Суэтс ҳам задухӯрдҳо сурат гирифтанд.

Аз ин пештар дар шарқи Қоҳира бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос дасти кам ду сарбози мисрӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG