Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин дӯсти Ҳо Ши Мин оламро падруд гуфт


Генерал Во Нгуен Зиап, фармондеҳи маъруфи вйетнамӣ ва яке аз афроди наздик ба Ҳо Ши Мин, рӯзи ҷумъа дар синни 103-солагӣ аз олам даргузашт. Дар таърихи қарни 20 генерал Зиап барои пирӯзиҳо дар ҷангҳо бо Фаронсаву ИМА дар сафи фармондеҳоне чун Жуков,Монтгомери, Роммел ва МакАртур ҷой дорад.

Моҳи майи соли 1954 страгегияи ҷангии Ҷабҳаи озодихоҳи Вйетнам “Вйет Мин”, ки ба он генерал Зиап раҳбарӣ мекард, сарнавишти набарди таърихӣ дар канори Дйенбйенфро ҳал намуд.

Зиап замони ҷанг бо ИМА фармондеҳи артиши Вйетнам буд. Аммо мунаққидони генерал мегуфтанд, ки ӯ ҳама пирӯзиҳояшро ба баҳои ҷони теъдоди бузурги сарбозон ба даст меовард.

Баъд аз анҷоми ҷанг бо ИМА ва муттаҳидшавии Вйетнам дар соли 1975 генерал ба ҳайати раҳбарони ҳизбиву давлатӣ шомил буд ва сарварии вазорати дифоъро бар ӯҳда дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG