Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исо Шаҳрхез-рӯзноманигори машҳури Эрон аз зиндон раҳо шуд


Исо Шаҳрхез дар зиндони Гукҳардашти Эрон
Исо Шаҳрхез дар зиндони Гукҳардашти Эрон
Исо Шаҳрхез-рӯзноманигори машҳур ва ислоҳталаби Эрон аз зиндон раҳо шуд. Дар ин бора писари вай ба радиои Озодӣ хабар дод. Шаҳрхез аз ҷумлаи даҳҳо нафар фаъолону рӯшанфикроне буд, ки баъд аз интихоботи зиддунақизи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2009 ба зиндон андохта шуда буданд.

Вайро ба иттиҳоми тавҳини раҳбарони Эрон ва халалдор кардани амнияти миллӣ се сол маҳкум ба зиндон карданд. Вай ду моҳ пеш аз хатми ин мӯҳлат аз зиндон раҳо шуд. Ғулом Ҳусейн Мӯҳсини Эҷеӣ-сухангӯи додгоҳ гуфт, ахиран Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон 80 нафар зиндониёни сиёсиро авф кардааст ва шуморе аз онҳо раҳо шудаанд. Шумори дигар дар ин рӯзҳо раҳо хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG