Ҳама сарнишинҳои киштии созмони Greenpeace «Арктик Санрайз» дар роҳзании дарёӣ айбдор шуданд. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод. Дар киштӣ 30 нафар – 28 тан аз фаъолони Greenpeace ва ду хабарнигор Денис Синяков аз Русия ва Кирон Брайан аз Бритониё ҳузур доштанд.
Иттиҳоми роҳзании гурӯҳии дарёӣ бар пояи қавонини ҷиноии Русия аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодиро ба думбол дорад. Айбдоршавандаҳо гуноҳи худро ба гардан нагирифтанд ва аз додани баёнот сарпечӣ кардаанд. Фаъолони Greenpeace чанде пеш мехостанд ба нишони эътироз ба як манораи нафткашии Русия дар Арктика бароянд.
Рӯзи 2 октябр нахуствазири Русия Дмитрий Медведев хостори ташдиди муҷозот барои онҳое шуд, ки ба муассисаҳои нафтиву энерҷии Русия ворид мешаванд.