Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда, ки як маргталаб дар минтақаи қабиланишини Оракзай, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон анҷом дод, 15 нафар кушта ва даҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, таркиш алайҳи фармондеҳи маҳаллӣ Набӣ Ҳанафӣ равона шуда буд, ки барои мубориза бо толибон гурӯҳеро аз сокинони гирду атроф ташкил кардааст. Гуфта мешавад, ки аввал пойгоҳи дастаи Ҳанафӣ тирборон шуд ва сипас маргталаб бо мошин вориди пойгоҳ шуда онро тарконид. Масъулини хадамоти амниятии Покистон гуфтаанд, ки худи Ҳанафӣ ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол ёфтааст.
Ба иттилои Associated Press, масъулияти ҳамларо гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон бар дӯш гирифтааст.
Ба иттилои Associated Press, масъулияти ҳамларо гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон бар дӯш гирифтааст.