Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Қирғизистон


Мақомоти марзбонии вилояти Бодканди Қирғизистон мошинеро боздошт кардаанд, ки бо рақамҳои сохтаи қалбакӣ мехост вориди Тоҷикистон шавад. Дар ин бора аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти марзбонии ин кишвар гуфтаанд, рӯзи 2-уми октябр кормандони мақомоти марзбонӣ ҳамроҳ бо кормандони амниятии Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки мехостанд мошини Land Rover –ро ба Тоҷикистон ворид созанд. Ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо, ошкор шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мошинро аз кишвари Белорусия харида вориди Қирғизистон шудаанд ва бо рақамҳои сохтаи давлатии қирғизӣ мехостаанд ба Тоҷикистон ворид шаванд. Манбаъ мегӯяд, баъд аз пурсуҷу боздоштшудаҳо дар мақомоти пулиси вилояти Бодканд нигаҳдорӣ мешаванд. Вале аз шахсияти ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда нашудааст.
XS
SM
MD
LG