Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Сурия хост, роҳҳои кӯмакро боз кунад


Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбе аз ҳукумати Сурия хост, шароити интиқоли кӯмак ба садҳо ҳазор ғайринизомии дармонда дар миёни ҷанги дохилиро фароҳам кунад. Дар баёнияи раиси шӯро аз Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия хоста шудааст, ки “дастрасии амну бемамониат ба мардуми мӯҳтоҷро аз роҳҳои муассир, ба шумули хатҳои ҷанг ва дар сурати зарур аз тариқи марзи кишварҳои ҳамсоя фароҳам кунад.” Баёнияҳои раиси Шӯрои Амният воҷибулиҷро аст, вале аз назари ҳуқуқи як зина поён аз қатъномаҳои шӯрост. Ба тахмини Созмони Милал, теъдоди паноҳҷӯён, ки аз ҷанги дохилии Сурия мегурезанд, то охири сол ба 3 миллион нафар хоҳад расид. Ҳафтае пеш Шӯрои Амният бо қабули қатъномае дастур дод, то захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурия зери назорати ҷомеаи байналмилалӣ маҳв карда шаванд.
XS
SM
MD
LG