Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси комендатураи марзбонӣ дар ноҳияи Фархор


Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, воқеъ дар марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон комендатураи марзбонӣ таъсис шудаааст. Қурбонбой Каримов, раиси ҳукумати Фархор, ҳадафи аслии ин комендатураро тақвияти ҳифозати марзи давлатӣ, ба хотири ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ унвон кард. Комендатураи марзбонӣ дар ин минтақаи марзӣ дар ҳоле таъсис мешавад, ки соли оянда, неруҳои НАТО аз қаламрави Афғонистон берун хоҳанд шуд ва ба гуфтаи нозирони умур, таҳдиду хатарҳо аз суи гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба хусус Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш хоҳад буд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ахиран вазъ дар манотиқи шимоли Афғонистон, ба хусус вилояти Бадахшон, ки бо қисмати ҷанубу шарқи Тоҷикистон ҳаммарз аст, муташанниҷ гардида ва ба даргириҳо анҷомидааст. Тоҷикистон бо Афғонистон, ба хусус шимоли он дар имтидоди 1400 километр марзи муштарак дорад. Фархор - Кокул аз гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон аст, ки як пули иртиботӣ бар фарози руди Панҷ ё Ому ҷануби Тоҷикистонро бо шимоли Афғонистон мепайвандад.
XS
SM
MD
LG