Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил: "Фирефтаи ҳарфҳои гарму нарми Рӯҳонӣ нашавед"


Исроил мегӯяд, ки агар танҳо бимонад ҳам, ба Эрон иҷоза нахоҳад дод аслиҳаи атомӣ бисозад.

Нахуствазири Исроил дар нишасти Маҷмааи Умумии СММ гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд "фиреб бихӯрад ва суханҳои нарм ва гарми раиси ҷумҳури Эронро бовар кунад."

Бенямин Нетаняҳу гуфт, Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон талош дорад бо суханони гарму нарми худ таҳримҳоро, ки ҷомеаи байналмилӣ алайҳи ин кишвар вазъ кардааст, дур созад, вале дар айни ҳол ӯ намехоҳад, ки аз талошҳои сохтани силоҳи атомӣ даст бардорад. Ӯ афзуд, ки тасмими ниҳоӣ дар Эрон аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари мазҳабии ин кишвар гирифта мешавад ва раиси ҷумҳур аз вай фармонбардорӣ мекунад.

Нахуствазири Исроил гуфтааст, ҳангоме, ки Ҳасани Рӯҳонӣ раиси Шӯрои амнияти миллии Эрон буд, аз ҳамлаҳое, ки аз сӯи гумоштаҳои ин кишвар ба яҳудиҳо ва ғарбиҳо дар ҷаҳон сурат мегирифт, огоҳ буд. Ӯ гуфт, ки режими Эрон мухолифони худро саркӯб ва эъдом мекунад ва ба нооромӣ дар кишварҳои дигар доман мезанад. Оқои Нетаняҳу гуфт, ки суханони оштиҷӯёнаи Рӯҳонӣ қобили эътимод намебошад, чун ба гуфтаи вай, ба воқеият созгор нестанд.

Ӯ гуфт, агар чаҳониён фиреб хӯрданд, Исроил боз ҳам ба танҳоӣ аз худ ва ҷаҳониён дифоъ хоҳад кард. Нахуствазири Исоил афзуд, агар Эрон ба аслиҳаи атомӣ дастрасӣ пайдо кунад, Ховари Миёнаро, ки нооромтарин минтақаи ҷаҳон аст, шӯълавар хоҳад сохт.

Дар ҳамин ҳол, Худодод Сайфӣ, муовини сафири Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид изҳороти нахуствазири Исроилро эҳсосӣ ва фитнаангез хонд. Эрон борҳо таъкид кардааст, ки ин кишвар дар садади сохтани аслиҳаи атомӣ нест ва барномаи ҳастаии он ҳадафҳои мусолиматомез дорад.
XS
SM
MD
LG