Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар мушкили иқтисодӣ ҷумҳурихоҳонро айбдор кард


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе Ҳизби ҷумҳурихоҳонро дар мутаваққиф шудани маблағгузории фаъолияти ҳукумати федеролӣ айбдор кард. Ба гуфтаи ӯ, ҷумҳурихоҳон алайҳи ислоҳот дар бахши беҳдошт муборизаи идеологиро идома медиҳанд. Бахши аъзами аъзои Конгресси Амрико аз ҳизби ҷумҳурихоҳон мухолифи ин ислоҳотанд.

Давлати Амрико дар пайи нокомиаш дар роҳи ба даст овардани ризоияти Конгресс дар масъалаи будҷаи муваққат ба қатъи фаъолияти бисёре аз идораҳои давлатӣ шурӯъ кардааст.

Дар 17 соли охир барои бори аввал давлати федеролии Амрико маҷбур ба чунин иқдом шуд. Соли нави молиявӣ дар Амрико, таври маъмул, аз 1 октябр шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG