Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Будҷаи соли ояндаи Тоҷикистон 2,9 миллиард $ хоҳад шуд


Дар ҷаласаи имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми будҷаи давлатӣ барои соли 2014 муайян шудааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷаласаи 30 сентябр ҳамчунин нишондиҳандаҳои будҷаи давлатӣ барои солҳои 2015 ва 2016 низ мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Ҳаҷми умумии будҷаи давлатӣ барои соли оянда 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (муодили 2,9 миллиард доллар ва 28,7% маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ, ё ММД) муқаррар гардидааст, ки нисбат ба буҷаи давлатии соли 2013 15,3% ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд будааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ, рушди воқеъии тавлидот 7,6% ва сатҳи таваррум 7,5% пешбинӣ шудаанд. Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки будҷаи давлатӣ барои соли 2014 низ чун солҳои дигар бештар хислати иҷтимоӣ хоҳад дошт, «зеро қариб нисфи он ба ин соҳаҳо нигаронда шудааст.»

Будҷаи давлатӣ дар соли 2013 12,1 миллиард сомонӣ муайян шуда буд. Будҷаи давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2015 ва 2016, тибқи дурнамо, мутаносибан ба андозаи 15,3 ва 16,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG