Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди 38-соларо бо ҷурми қатли фарзандаш дастгир кардаанд


Мақомоти корҳои дохилӣ марди 38-соларо бо ҷурми қатли фарзандаш дастгир кардааст. Тавре аз вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, кормандони ин ниҳод дар ноҳияи Шаҳритус Фахриддин Маҳмадов, соли таваллудаш 1975, сокини деҳаи Гагарини ноҳияи Шаҳритусро, ки дорои бемории рӯҳӣ будааст, бо гумони даст доштан ба куштори фарзандаш боздошт кардаанд. Гуфта мешавад номбурда, рӯзи 29-уми сентябр дар манзили истиқоматиаш, писари хурдсолаш Юсуфхон Фахриддинов, соли таваллудаш 2013-ро, бо корди хоҷагӣ як маротиба ба шикамаш задааст, ки дар натиҷа хурдсол аз ҷароҳати вазнини бардоштааш, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Манбаъ афзуд нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
XS
SM
MD
LG