Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷорҳо дар Бағдод 40 кушта бар ҷой гузоштанд


Инфиҷори мошинҳо дар пойтахти Ироқ рӯзи душанбе мунҷар ба ҳалокати тақрибан 40 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 100 тани дигар гардид. Мақомот мегӯянд, ки мошинҳо дар як минтақаи асосан шианишини Бағдод ва дар маҳаллаи гуногунмазҳаби воқеъ дар шимоли шаҳр тарконида шуданд.

Гурӯҳҳои мусаллаҳ моҳҳои ахир ҳамлаҳои мазҳабиро дар манотиқи марказии Ироқ аз сар гирифтаанд. Ин ҳамлаҳо аз сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳи шиа ва суннӣ солҳои 2006-2007 ба авҷи худ расида буданд ва дар онҳо даҳҳо ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Як рӯз аз ин пеш бар асари ҳамлаи маргталабона дар як масҷиди шиаҳо дар Бағдод боми масҷид фурӯ рехт ва 27 нафар ҷон бохтанд. Рӯзи ҷумъа бошад дар Бағдод дар канори ду масҷиди суннимазҳабҳо таркишҳо рӯй доданд ва мунҷар ба ҳалокати 6 нафар шуданд.
XS
SM
MD
LG