Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқуфи мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов


Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкор ва собиқ вазири саноати Тоҷикистонро то панҷшанбеи ҳафтаи оянда мавқуф гузошт.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифоъи ӯ ба «Озодӣ» гуфт, ин вақфа бо тақозои вакилони дифоъ гирифта шуд, чун онҳо мехоҳанд бо ҷузъиёти наве, ки дар парванда пайдо шудаанд, аз ҷумла иттиҳоми нави таҷовуз ошно шаванд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи Зайд Саидов се рӯз танаффус гирифт ва Ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи дар ин муддат алайҳи ӯ иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари 12-солаи русро, ки гӯё ду соли қабл иттифоқ афтодааст, эълон кард. Ба қавли вакилони дифоъ, Зайд Саидов дар рӯбарӯкунӣ гуфтааст, ки ин духтарро намешиносад.

Ҷаноби Қудратов гуфт, дар мурофиаи рӯзи 27-уми сентябр ду шоҳиди парванда - яке Иваном Коретский, шаҳрванди Украина ва дигаре шаҳрванди Русия пурсида шуданд. Вай афзуд, онҳо дар робита ба моддаи 247, яъне қаллобӣ, пурсида шуданд.

Қаблан Ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки соли 2011 Зайд Саидов дар Маскав ба боварии шаҳрванди Украина Иван Коретский даромада, моҳи майи соли 2012 аз ӯ 1 миллиону 70 ҳазор доллар қарз гирифт ва декабри ҳамон сол 300 ҳазорро баргардонда, бақияи маблағро ба ҳадафҳои шахсӣ истифода бурдааст.

Шаҳрванди Русия ҳамчун шоҳиди ин муомила дар мурофиа ширкат дорад.
XS
SM
MD
LG