Нозирони Созмони Милали Муттаҳид барои идомаи тафтиши истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар низои Сурия рӯзи чаҳоршанбе, 25 сентябр, ба Димишқ баргаштанд. Ин гурӯҳ, ки ба он дипломати шведӣ Оке Селстрём раҳбарӣ мекунад, аввал тавассути ҳавопаймо ба Бейрут, пойтахти Лубнон расид ва сипас тавассути мошинҳо вориди пойтахти Сурия шуд. Қарор аст, ки нозирон 14 далели истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар 30 моҳи низоъ дар Сурияро тафтиш кунанд.
Гурӯҳи нозирон баъд аз сафари аввали худ ба Сурия гузорише таҳия карда онро рӯзи 16 сентябр дар ихтиёри СММ гузошт. Дар гузориш гуфта шудааст, ки силоҳи кимиёвӣ дар задухӯрдҳо миёни нерӯҳои раисиҷумҳур Башор Асад ва мухолифини мусаллаҳ истифода шудааст. Дар ҳамин ҳол Оке Селстрём мегӯяд, гузориши барои СММ таҳиякардаи нозирон як санади миёнадавраӣ буд ва далелҳои дигаре низ мавҷуданд, ки бояд омӯхта шаванд.