Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Сафин барои ду сол ба зиндон рафт


Масҷиди Ал-Ихлос дар Қазон
Масҷиди Ал-Ихлос дар Қазон
Раҳбари як масҷида мунҳалшуда дар Тотористони Русия бо ҷурми пахши ақидаҳои ифротгароёна ба муддати ду сол зиндонӣ шуд. Рӯзи сешанбе додгоҳи Тотористон Имом Рустам Сафини 41 соларо барои узвият дар гурӯҳи мамнуъи Ҳизб-ут Таҳрир ва пахши ақидаҳои ин ҳизб дар байни мусалмонони масҷиди Ал-Ихлоси Қазон муҷрим эълон кард. Моҳи январи соли равон пулис аъзои ҷамъияти Ал Ихлосро ба иллати “тамир накардани бино” аз масҷид, ки моли шаҳрдорӣ аст, берун кард. Моҳи май Додгоҳи Олии Тотористон ин гурӯҳро барои “фаъолиятҳои ифротгароёна” пароканда намуд.
XS
SM
MD
LG