Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии деринтизори Обама аз минбари СММ

Обама аз ҷумла гуфт, талошҳои дипломатии кунунии ИМА бар рӯи барномаи ҳастаии Эрон ва кашмакашҳои миёни Эрон ва Исроил мутаммарказ аст.

19:26 24.9.2013
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба суханронии хеш оғоз кард ва гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бар рӯи маҳви аслиҳаи кимиёии Сурия таъкид кунад.

Обама бори дигар Димишқро масъули ҳамлаи кимиёнии 21 август дар канори ин шаҳр донист, ки бар асари он 1400 нафар кушта шуданд.

Барак Обама гуфт, ки дархости сулҳомези мардуми Сурия мавриди саркӯб қарор гирифтааст. Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, ки ҷомеаи байналмилал, мушкили Сурияро сареъ дарк карда, аммо ҳанӯз роҳкоре барои ҳалли он ба назар нагирифтааст.

Барак Обама дар идомаи суханронии худ гуфт,ки вазъи иқтисодии ҷаҳон ҳамчунон шикананда аст ва бояд ба рӯи он кор кард.
19:31 24.9.2013
Обама: Акнун тамои нерӯҳои мо Ироқро тарк кардаанд ва соли оянда Афғонистон низ аз нерӯҳои амрикоӣ холӣ мешавад. .. Бо ин кор мо ҳамалоти ҳавоии худ аз тариқи ҳавопаймоҳои бесарнишинро коҳиш додаем ва бар рӯи аҳдофи мушаххас мутамарказ кардаем.
19:37 24.9.2013
Барак Обама бо таъкид ба зарурати мамнӯъияти истифода аз аслиҳаи кимиёӣ изҳор кард, ки Эрон низ қурбонии ин навъи аслиҳа будааст.
19:40 24.9.2013
Обама: Дар ҳафтаҳои гузашта мо бо Русия ба тавофуқ даст ёфтем, ба сари онки таслиҳоти кимиёии Сурия таҳти контроли байналмилалӣ қарор бигирад ва дар ниҳоят нобуд шавад. Акнун Шӯрои Амният бояд бар ин асос қатънома содир кунад. Агар Шӯрои Амният ин корро накунад, ин ба он маъно аст, ки ин шӯро қодир нест ба асоситарин вазифаи худ амал кунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG