Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии деринтизори Обама аз минбари СММ

Обама аз ҷумла гуфт, талошҳои дипломатии кунунии ИМА бар рӯи барномаи ҳастаии Эрон ва кашмакашҳои миёни Эрон ва Исроил мутаммарказ аст.

19:44 24.9.2013
Обама: "Мо тавлили силоҳҳои куштори ҷамъиро таҳаммул нахоҳем кард. Тавлиди ин таслиҳот, аз ҷумла аслиҳаи ҳастаӣ, амнияти ҷаҳониро таҳдид мекунад.
19:43 24.9.2013
Обама: "Амрико ба дунболи манофеъи шахсӣ дар Сурия нест ва танҳо ба дунболи ҳимоят аз мардуми Сурия ва ҳамчунин ҷилавгирӣ аз табдил шудани ин минтақа ба пойгоҳи террористҳо аст.
19:42 24.9.2013
Обама: "Замони он расида, ки Эрон ва Русия аз ҳимояти Башор Асад даст бикашанд."
19:40 24.9.2013
Обама: Дар ҳафтаҳои гузашта мо бо Русия ба тавофуқ даст ёфтем, ба сари онки таслиҳоти кимиёии Сурия таҳти контроли байналмилалӣ қарор бигирад ва дар ниҳоят нобуд шавад. Акнун Шӯрои Амният бояд бар ин асос қатънома содир кунад. Агар Шӯрои Амният ин корро накунад, ин ба он маъно аст, ки ин шӯро қодир нест ба асоситарин вазифаи худ амал кунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG