Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 90 «Қуръон», ки "ба таври қочоқ" ворид мешуд


Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон 90 нусха китоби муқаддаси «Қуръон»-ро, ки тариқи қочоқ аз Афғонистон ворид шудааст, боздошт кардаанд.

Нурулло Шарипов, сарвари маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба «Озодӣ» гуфт, як ронандаи тоҷик, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон бор мекашондааст, дар дохили халтаҳои семент ин теъдод «Қуръон»-ро интиқол додааст ва ба ин роҳ ба ин китоби муқаддас беэҳтиромӣ кардааст. Вай афзуд, нусхаҳои китоби муқаддас дар Покистон нашр шуда, ронанда иқрор шуд, ки онҳоро як шаҳрванди Афғонистон барои фурӯш ба ӯ додааст. Ҷаноби Шарипов афзуд, ронанда аз рӯи моддаи 579 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне напардохтани молиёти гумрукӣ, муттаҳам мешавад.

Сухангӯи Хадамоти гумрук гуфт, Кумитаи дини Тоҷикистон ба Хадамот хулоса додааст, ки «Қуръон»-ҳои қочоқӣ ба асли ин китоби муқаддас мувофиқат мекунанд, аммо ин "амал ғайриқонунӣ аст, ки ронанда онҳоро тариқи қочоқ аз марз гузарондааст."

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, барои ворид кардани китобҳои динӣ як нафар бояд иҷозаи Кумитаи дини Тоҷикистонро дошта бошад, дар акси ҳол, ин кори ӯ хилофи банди 3-и моддаи 22-и Қонуни дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ хоҳад буд.

Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз соли 2009 ба ин сӯ дар гузаргоҳҳои марзҳои Тоҷикистон, умдатан Панҷи Поён, 51 ҳазору 199 адад адабиёти динӣ ва диску наворҳои экстремистӣ ва террористиро мусодира кардаанд. Онҳо тариқи қочоқ аз Афғонистону Покистон ва Ӯзбакистону Русия вориди Тоҷикистон шудаанд ва бештар ақидаҳои Ҳизби таҳрир ва Салафия – ду созмони мамнӯъ дар кишварро тарғиб мекардаанд. Ҳамчунин, бино ба иттилои расмӣ, дар ин китобу наворҳо тарғибот барои ҷиҳод ҳам ба чашм мехӯранд.

Нурулло Шарипов мегӯяд, ҳар гуна адабиёте, ки хилофи мазҳаби расмии Тоҷикистон – ҳанафия вориди хоки кишвар мешаванд, ғайриқонунӣ буда, таҳти пайгарди қонун қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG