Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи "Ал-Шубоб" ба Найробӣ хориҷиҳо кушта шуданд


Дар маркази тиҷоратии шаҳри Найробӣ то ҳанӯз садои тирандозӣ ба гӯш мерасад.

Хабаргузории АП аз пойтахти кишвари африқоии Кения иттилоъ дод, ки гурӯҳи “Ал-Шубоб”-и Сомалӣ дар бинои марказии тиҷоратии "Уэстгейт" чандин нафарро гаравгон гирифтааст. Амалиёти вижа алайҳи ҳамлагарон аз рӯзи шанбе ба ин сӯ идома дорад. Имрӯз нерӯҳои амниятӣ алайҳи террористҳо аз гази мадҳушкунанда истифода бурданд. Дар тирандозӣ ду корманди амниятии Кения ҷароҳат бардоштанд.

Хабаргузориҳо бо такя ба иттилои мақомоти Кения хабар додаанд, бар асари ҳамла ба маркази тиҷоратӣ, ки нимаи дуввуми рӯзи шанбе шурӯъ шуд, дасти кам 43 нафар, аз ҷумла, шаҳрвандони Амрико, Фаронса ва Канада кушта шуда, тақрибан 300 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса пайвандони раисиҷумҳури Кения Ухуру Кениата ҳам ҷон бохтаанд.

Миёни қурбониёни ҳодиса чаҳор нафар шаҳрвандони Амрикоянд. Ба иттилои Кохи Сафед, аз ҷумла, хонуми як корманди Оҷонси рушди байнулмилалии ИМА (USAID) ҳадафи тир қарор гирифтааст. Намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА Кэйтлин Ҳайден изҳор намуд, ки Вошингтон барои кӯмак ба Кения барои ба ҷавобгарӣ кашидани афроди дар ин ҳамлаи террористӣ дастдошта омода аст.

Ҳукумати Канада ҳам дар бораи кушта шудани ду шаҳрвандаш хабар дод. Яке аз онҳо корманди 29-солаи вазорати умури шаҳрвандӣ ва муҳоҷират Аннамарӣ Делож аст, ки дар сафари хизматӣ дар сафорати Канада дар Найробӣ қарор дод. Ному насаби қурбонии дуввум эълн нашудааст.

Дар маркази тиҷоратии "Уэстгейт" ҳамчунин ду шаҳрванди Фаронса ба ҳалокат расидаанд. Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд, ба иттилои Кохи Елисей, "ин ҳамлаи тарсуёнаро қатъӣ маҳкум кардааст”.

Гурӯҳи "Аш-Шабаб", ки масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст, мегӯяд, ҳамла ба маркази тиҷоратии Найробӣ – посух ба ширкати низомиҳои Кения дар амалиёти зиддитеррористӣ дар Сомалӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG