Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: Эрон барои музокирот омода аст


I
I
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, изҳор намуд, ки кишвараш барои музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ оид ба ба қазияи барномаи ҳастаияш омода аст. Зимни суханронӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ дар робита ба 33-юмин солгарди ҳамлаи Ироқ ба Эрон ва дар арафаи сафар ба Ню-Йорк ба иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ, Рӯҳонӣ изҳор намуд, ки Ғарб бояд ҳаққи Теҳрон барои ғанисозии ураниумро эътироф кунад. Ҳамзамон раисиҷумҳури Эрон гуфт, ки кишвараш омода аст барномаи ҳастаияшро мутобиқи қавонини байнулмилалӣ пеш барад.

ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Аммо Теҳрон ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG