Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Димишқ иттилоъ оид ба силоҳи кимиёвиро ба Ҳейг ироа кард


Сурия иттилои комил дар бораи захоири силоҳи кимиёвии худро дар ихтиёри ҷомеъаи ҷаҳонӣ гузоштааст. Дар ин бора хабаргузории France-Presse бо такя ба Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ, мақараш дар шаҳри Ҳейг ё Гаагаи Ҳоланд иттилоъ дод. Айни ҳол мутахассисони созмон маълумоти дастрасшударо меомӯзанд.

Дар ҳамин ҳол дар худи Сурия хушунат идома дорад. Шаби гузашта нерӯҳои пуштибон аз раисиҷумҳур Башор Асад дар деҳаи суннинишини Шайх Ҳадиди вилояти Ҳома дасти кам 15 нафар, аз ҷумла, як зан ва ду кӯдакро эъдом карданд. Дар ин бора Маркази назорат аз болои ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, ба Reuters хабар додааст. Дар изҳороти гурӯҳ гуфта мешавад, ки ин куштор посух ба ҳамлаи рӯзи панҷшанбеи ошӯбгарон юа як постгоҳи артиш дар ин минтақа аст. Дар он ҳамла 16 сарбоз ва 10 узви гурӯҳи низомии пуштибон аз ҳукумат ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG