Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии аризаи Навалний дар додгоҳи Киров


 Алексей Навалний
Алексей Навалний
Додгоҳи шаҳри Кирови Русия эълон кард, ки аризаи эътирозии раҳбари мухолифин Алексей Навалний 9-уми октябр доир хоҳад шуд.

Навалний тасдиқ кардааст, ки бознигарии ҳукми додгоҳро талаб кардааст.

Дар моҳи июл додгоҳи Киров Навалнийро бо ҷурми аз худ намудани маблағи муодили 500 ҳазор доллар аз муассисаи маҳаллии коркарди чӯб ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Вале қабл аз эълони ҳукм Навалний ба ҳайси яке аз довталабҳои курсии мири Маскав сабти ном шуда буд ва ӯро фавран озод карданд, то интихоботи Маскав ҷилои маъракаи одилона ва дорои рақобатро касб кунад.

Дар интихоботи Маскав Сергей Собянин пирӯз шуд ва Навалний бо беш аз 27 дар сади раъйҳо дар ҷои дуюм қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG