Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Покистон аз қатли 5 шаҳрвандаш


Ҳукумати Покистон аз қатли 5 шаҳрвандаш аз тарафи нерӯҳои амниятии Афғонистон расман эътироз кардааст. Вазорати умури хориҷии Покистон бо эҳзори кордори сафорати Афғонистон ба ӯ гуфтааст, ки ин ҳодиса дар ноҳияи Зоби Вилояти Балуҷистон “бар зарари робитаҳои дӯстонаи” ду кишвар аст. Мақомоти Покистон мегӯянд, афроде дар либоси сарбозони афғон дасти кам 5 сокини рустои Қамариддин Корез дар марзи Афғонистонро куштанд. Вале ба гуфтаи мақомоти Афғонистон ин афрод ҷангҷӯёни Толиб буда ва дар қаламрави Афғонистон кушта шудаанд. Ба гуфтаи Давлатхон Задрон, сардори пулиси вилояти Пактико, аҷсоди се нафар аз ин афрод ҳанӯз дар Афғонистон аст.
XS
SM
MD
LG