Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чуркин: Маскав ба "дасиса" будани ҳамлаи кимиёвӣ мутмаин аст


Виталий Чуркин
Виталий Чуркин
Русия барои омӯзиши мӯшикофонаи далелҳои фитнаву дасиса будани ҳамлаи кимиёвии рӯзи 21 сентябр дар канори Димишқ пойфишорӣ дорад. Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ, зимни суханронӣ дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷмааи кулли Созмони Милал гуфт, ки ҳадаф аз дасиса – “мусоидат ба дахолати низомӣ ба низоъ дар Сурия буд". Ӯ ба ҳайси далел боздошти мухолифини мусаллаҳи суриягӣ дар Туркия дар моҳи май ва аз онҳо мусодира шудани гази заринро овард.

Муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябков ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, ки мутахассисони рус ба омӯзиши асноди аз сӯи Димишқ дар робита ба истифода шудани силоҳи кимиёвӣ аз сӯи ошӯбгарон шурӯъ карданд. Дирӯз Сергей Рябков дар Димишқ бо вазири умури хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим музокирот анҷом дод.

Нозирони СММ, ки ҳаводиси марбут ба ҳамлаи кимиёвӣ дар канори Димишқро тафтиш карданд, далелҳои дар он ҷо истифода шудани гази заринро дар ихтиёри Дабири кулли СММ Бан Ки Мун гузоштанд. ИМА ва ҳампаймонҳои ғарбияш мутмаинанд, ки ҳамлаи кимиёвӣ – кори дасти ҷонибдорони раисиҷумҳур Башор Асад аcт. Аммо Димишқ ин иттиҳомро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG