Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: "Ҳамлаи 21-уми август иғво буд"


 Сергей Лавров
Сергей Лавров
Рӯзи сешанбе дар Маскав вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо вазири корҳои хориҷии Фаронса Фабиус Лоран қатъномаи Шӯрои Амният дар мавриди Сурияро баҳс кард.

Русия ва кишварҳои дигари узви Шӯрои Амният дар масъалаи маҳви аслиҳаи кимиёии Сурия ихтилофи назар доранд.

Лавров мегӯяд, Русия бар ин бовар аст, ки ҳамлаи кимиёии рӯзи 21-уми август иғво буд. Рӯзи душанбе ҳайати СММ гузорише пахш намуд, ки бар пояи он дар ҳамлаи 21-уми август, ки ҳаёти беш аз 1400 нафарро аз байн бурдааст, аслиҳаи кимиёӣ истифода шудааст.

Британия, Фаронса ва ИМА ҳеҷ шубҳа надоранд, ки аслиҳаи кимиёиро нерӯҳи ҳукуматии Сурия истифода бурдаанд.

Қабл аз мулоқоти Маскав Русия мувофиқат кард, ки Сурия то миёнаҳои соли 2014-ум тамоми аслиҳаи кимиёии дар ихтиёр доштаашро маҳв намояд.
XS
SM
MD
LG