Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи зиддинобелиро ба Лукашенко "лоиқ" донистанд


Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, барандаи ҷоизаи IgNobel Peace Prize, яъне ҷоизаи зиддинобелии сулҳ барои соли 2013 эълон шуд. Ба ин ҷоиза ӯро барои манъи қарсакзаниҳои эътирозӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба истилоҳ “лоиқ” донистанд. Маросими супурдани ҷоиза рӯзи панҷшанбе дар донишгоҳи Ҳарвард баргузор шуд.

Моҳи июли соли 2011 додгоҳи Минск як шахси якдастаро барои қарсакзанӣ ҷарима кард.

Ҷоизаи зиддинобелии сулҳ барои аъмоле супурда мешавад, ки аввал боиси ханда мешаванд ва аммо баъдан касро ба андеша водор месозанд.
XS
SM
MD
LG