Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блоги зинда: СҲШ: раёсати даврӣ ба дасти Тоҷикистон гузашт

Амнияти марзҳо пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон ва вокуниш ба бӯҳрони давомдори Сурия дар садри дастури кори нишасти сарони СҲШ -- Созмони ҳамкориҳои Шанхай қарор дорад.

Нукоти асосӣ:

- Сарони кишварҳои СҲШ дар эъломияи ниҳоии ин нишаст вазъи Сурияро нигаронкунанда номиданд ва аммо ба мудохилаи беруна мухолифат карда, хостори ҳалли сиёсии бӯҳрон аз тарафи худи суриягиҳо шуданд.

- Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, ки бояд кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи истифодаи захираҳои оби минтақа ба ризоият даст ёбанд.

- Сарони кишварҳои узв дар СҲШ гузориши солонаи Дабири кулли он ва раҳбарияти Шӯрои зиддитеррористии созмонро тасдиқ ва нақшаи кори СҲШ-ро то сол 2017 тасвиб намуданд.
12:53 13.9.2013
Нукоти асосӣ:

- Ин нахустин сафари раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба хориҷа аст. Мулоқоти ӯ бо ҳамтоёнаш хосияти шиносоӣ хоҳад дошт. Ҳамзамон дар дидораш бо ҳамтоёни рус ва чинии худ Рӯҳонӣ талош кард, ҳимояти онҳоро дар баҳси барномаи ҳастаии Эрон таҳким диҳад.

- Дар дидори раҳбарони Тоҷикистон ва Эрон, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ тарҳҳои муштараки ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шуд.

- Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Чин созишномаи бунёди лӯлаи газро имзо карданд, ки 400 километри он аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт.
13:01 13.9.2013
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:37 0:00
13:02 13.9.2013
Акси умумии перзидентҳо дар Бишкек
Акси умумии перзидентҳо дар Бишкек
13:05 13.9.2013
Бино бар созишномаи нави миёни Тоҷикистон ва Чин, ки рӯзи 12-уми сентябр дар Бишкек имзо шуд, як шохаи лӯлаи гази Туркманистону Чин аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG