Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷуда Соҳибназарова аз кор дар маҷаллаи "Истиқбол" канор рафт


Мавҷуда Соҳибназарова
Мавҷуда Соҳибназарова
Мавҷуда Соҳибназарова, узви фаъоли гурӯҳи ташабускори ҳизби Тоҷикистони нав аз мақоми мудири бахши тиҷории маҷаллаи "Истиқбол" канор рафтааст. Хонум Соҳибназарова, рӯзи 11 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард, вале гуфт, на таҳти фишори масъулони маҷалла, балки бо хоҳиши ӣуд тарки кор кардааст. Ӯ афзуд, ки аммо аз фаъолияти сиёсӣ даст набардоштааст, балки ба зудӣ анҷумани ҳизби Тоҷикистони навро доир хоҳанд кард. Ҷонибдорони Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав дар пайи боздошти раҳбараш Зайд Саидов таҳти фишорҳо қарор гирифтанд. Худи Мавҷуда Соҳибназарова дар моҳи август бо ҷурми ширкат дар як флешмоб бо талаби раҳоии Зайд Саидов ба маблағи 280 сомонӣ ҷарима баста шуд. Додгоҳ ширкати ӯву ҳамсафонаш дар ин эътирозро бар асоси Кодекси маъмурӣ майдаавбошӣ ҳукм кард, чунки ба гуфтаи мақомоти пулис, онҳо бо сар додани пуфаку кабӯтарҳо аз боми маҷмаъи тиҷории “Пойтахт гӯё тартиботи ҷамъиятиро халалдор кардаанд.
XS
SM
MD
LG