Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи таҳиякардаи Фаронса оид ба Сурия шурӯъ шуд


Бритониё, Фаронса ва ИМА баррасии тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба Сурияро, ки Порис таҳия кардаст, шурӯъ намуданд. Ин тарҳ ба зудӣ ба Русия ва Чин ироа мешавад. Қарор аст, ки онро рӯзи панҷшанбе вазирони умури хориҷиии Амрикову Русия Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров муҳокима хоҳанд кард. Ин санад аз Димишқ тақозо дорад, ки тайи 15 рӯз дари ҳама муассисаҳои кимиёвии худро ба рӯи нозирони СММ боз намояд. Дар акси ҳол, омадааст дар ин тарҳ, алайҳи режими Башор Асад чораҳои муҷозотӣ – аз таҳримҳо то дахолати низомӣ, ки банди 7 Ойинномаи СММ пешбинӣ кардааст, андешида мешаванд. Тарҳи таҳиянамудаи Фаронса ҳамчунин тақозо дорад, ки асноди марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ба хотири ошкор кардани ҷиноёти эҳтимолии низомӣ ба Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ё Гаага супурда шавад.

Рӯзи сешанбе Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ваъда дод, ки пешниҳоди Русия дар бораи зери назорати байнулмилалӣ қарор додани захираи силоҳи кимиёвии Сурияро меомӯзад. Ӯ гуфт, ки ин ибтикор дар Шӯрои амнияти СММ баррасӣ мешавад ва имкони ба таъхир гузоштани амалиёти низомӣ алайҳи режими Башор Асадро фароҳам хоҳад кард. Ҳамзамон Обама ҳушдор дод, то он замоне, ки талошҳои дипломатӣ муассир будани худро собит накунанд, нерӯҳои ИМА барои зарбаи фаврӣ задан ба муассисаҳои низмоии Сурия омода боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG