Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксари русҳо намехостаанд бо тоҷикон якҷо зиндагӣ кунанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шаҳрвандони Русия омода набудаанд бо мардуми Осиёи Марказӣ дар як кишвар зиндагӣ кунанд.

Як пажуҳиш нишон додаст, ки камтар аз 10 дар сади шаҳрвандони Русия розиянд то сокинони Осиёи Миёна дар кишварашон бо онҳо зиндагӣ кунанд. Дар ин бора Валерий Федоров, директории генералии Маркази умумирусиягии омӯзиши фикри ҷомеа дар муаррифии натиҷаҳои як назарсанҷӣ ироа кардааст.

«Тоҷикон, узбакҳо, қирғизҳо, ки аксаран «меҳмонони коргар» унвон мешаванд – ҳамагӣ 8 дар сади русҳо тарафдори онанд ки бо шароити хуб дар ҳудуди Русия муддатҳои дароз зиндагӣ кунанд. Ҳамчунин андешае, ки мо омодаем онҳоро як узви қавми худ қабул намоем, ба кор намеравад, ҳатто ин мардум дар кишвари мо муддатҳои дароз кор кунанд, зиндагӣ кунанд ва шаҳрвандии Русияро ҳам қабул намоянд.», гуфтааст Валерий Федоров.

Ба гуфти вай 44 дар сади русиягиҳо омода будаанд русҳои Украина ё Белорусияро, ки дар хоки Русия зиндагӣ доранд қабул кунанд.

"44 дар сади русҳо андеша доранд, ки украиниҳову белорусиҳое, ки муддатҳо дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, метавонанд онҳоро қабул кунанд. Дар ин ҷо масъалаи наздик будани забону фарҳанг ва монанди инҳо нақши асосӣ дорад.", иброз доштааст сарвари ин маркази назарсанҷӣ.

Ҳамчунин дар рӯихати дигар татарҳо ва бошқирҳо қарор гирифтаанд. Қариб 30 дар сади пурсидашудаҳо онҳоро "русишуда" хондаанд. Яъне зиндагии якҷоя бо онҳоро қабул доранд.

Дар анҷоми ин пажуҳиш Валерий Федров, гуфтааст бо ин нишондод "мо омода нестем бо скинони Осиёи Миёна дар як оила зиндагӣ кунем". Ғайр аз ин, танҳо 7 дар сади пурсидашудаҳо ҷонибдори зиндагии якҷоя бо сокинони Қафқози шимолӣ, аз ҷумла чеченҳо, ингушетҳо, доғистониҳо будаанд. Дар ҳоле, ки ин қавму миллатҳо дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд.

Ҳарчанд натиҷаҳои ин пажуҳиш рӯзи 10-уми сентябр маълум шуд, вале гуфта нашудааст дар ин назарсанҷӣ чанд дар сади мардуми Русия иштирок кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола ҳудуди як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият мекунанд ва бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар як соли охир тақрибан 5 000 сокини Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд.
XS
SM
MD
LG