Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои ҷавонони СҲШ "таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ"-ро баррасӣ мекунад


Дар шаҳри Бишкек масъалаи эҳтимолияти таъсири рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавононро дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкориҳои Шангҳай баррасӣ мекунанд.

Кабирҷон Ҷураев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 11-уми сентябр бо таъиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Мавсума Муинова намояндагӣ мекунад. Ҳамчунин дар назар аст дар охири ин ҷаласа, ки аз 11-ум то 14-уми сентябр мегузарад қароре қабул карда шавад, ки ҳамаи ташкилотҳои бо ҷавонон равона шуда ҳаққи дар ин шӯро шомил шуданро пайдо кунанд.

Таалайбек Дайирбеков, намояндаи минтақави ин шӯро гуфтааст дар ин ҷаласа намояндагони шаш давлати узви Созмони ҳамкориҳои Шангҳай иштирок мекунанд. Мақсади ин шуроро вай «омода кардани насли ояндаи СҲШ ва кӯмак ба намояндагони калонсол» гуфтааст.

Дар барномаи имрӯзаи ҷаласаи Шӯрои ҷавонои СҲШ се масъала шомил карда шудааст –мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва мубориза зидди маводи мухаддир.

Шӯрои ҷавонони СҲШ моҳи майи соли 2009 дар шаҳри Екатеренбурги Русия таъсис ёфтааст. Дар узвияти ин шӯро ҷавонони шаш кишвари узви СҲШ шомиланд.
XS
SM
MD
LG