Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲКК хуруҷи нерӯҳояш аз Туркияро мутаваққиф кард


Гурӯҳи мусаллаҳи Ҳизби коргарони Курдистон (ҲКК) изҳор намуд, ки раванди берунсозии нерӯҳояш аз қаламрави Туркияро мутаваққиф мекунад. Тасмими худро гурӯҳ бо коҳилии Анқара дар раванди сулҳ марбут намудааст. Ҳамзамон раҳбарони Ҳизби коргарони Курдистон гуфтанд, ки чун пештара созиши оташбасро риоя хоҳанд кард.

Гурӯҳи мусаллаҳи Ҳизби коргарони Курдистон аввалҳои соли равон, бар пояи тарҳи сулҳ, ки бояд ба низоъи сисола миёни курдҳо ва ҳукумати Анқара хотима гузорад, ба берунсозии нерӯҳояш аз қаламрави Туркия шурӯъ намуд. Бар асари ин низоъ беш аз 40 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Бар пояи тарҳи сулҳ мақомоти Туркия бояд вазъи курдҳоро беҳбуд бахшанд, аз ҷумла, қонуни баҳсбарангези зиддитеррористиро лағв кунанд ва ба таҳсил дар мактабҳо ба забони курдӣ иҷоза диҳанд.
XS
SM
MD
LG