Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Навалний хостори раъйдиҳии такрорӣ шуданд


Дар Маскав, дар майдони Болотная, ҳамоиши пуштибонӣ аз Алексей Навалний, ки дар интихоботи шаҳрдории пойтахти Русия мақоми дуввумро соҳиб шудааст, баргузор гардид. Навалний дар суханронӣ дар ин майдон изҳор намуд, ки дар ин маъракаи интихоботӣ сиёсати ҳақиқӣ ва ҷунбиши бузурги мухолифи ҳукумат тавлид шуд. Ҷонибдорони Навалний хостори баршумории такрории раъйҳо ва баргузории даври дуввуми интихобот шуданд.

Бар пояи хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар ҳамоиш даҳҳо ҳазор нафар ширкат доштанд. Аммо вазорати умури дохилии Русия аз ҳузури 9 ҳазор нафар хабар дод. Корманди шаҳрдорӣ Алексей Майоров ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки мақомоти интизомӣ мавзӯи аз дархости расмӣ, яъне дувуним ҳазор нафар, бештар ширкат кардани одамон дар ҳамоишро бозрасӣ хоҳанд кард.

Рӯзи душанбе комиссияи интихоботи шаҳри Маскав эълон кард, ки дар интихоботи мири шаҳр Сергей Собянин, ки аз сӯи Кремл пуштибонӣ меёфт, бо 51,3 дар сади овозҳо пирӯз шудааст. Алексей Навалний бо 27,2 дар сади овозҳо ҷои дуюмро ишғол намудааст. Аммо Навалний гуфт, ки бо натиҷаҳои эълоншуда розӣ нест ва мақомоти интихоботиро дар тақаллуб айбдор кард.
XS
SM
MD
LG