Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизакорон дар интихоботи Австралия пирӯз шуданд


Эътилофи муҳофизакорон ва миллигароёни Австралия бо пирӯзӣ бар ҳизби коргарони ин кишвар, ки шаш сол боз давлатро раҳбарӣ мекарданд, қудратро ба даст гирифтанд.

Интихоботи сенаторҳои Австралия рӯзи шанбеи 7-уми сентябр сурат гирифт. Дар давлати ҷадид интизор меравад сиёсати зидимуҳоҷиратӣ нумуи дигар касб кунад. Иқтисод ва молиёт низ аз дигар масоиле ҳастанд, ки интихоботи имсоларо таҳти таъсир қарор дода буд.

Тони Эббот, раҳбари ҳизби либералии Австралия, ки ҳизби муҳофизкор аст ва дар канори ҳизби коргар, яке аз ду ҳизби аслии ин кишвар ба шумор меравад, пас аз пирузӣ дар интихоботи рӯзи шанбеи 7-уми сентябр гуфтааст, вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишварашро дар се соли оянда тағйир медиҳад ва «паноҳҷуёни қайиқсавор мутавақиф мешавад».

То кунун сиёсатҳои муҳоҷиратии Австралия дучори дигаргуниҳои зиёд шудааст. Фиристодани муҳоҷирони қайиқсавор ба ҷазираҳои уқёнус аз ҷумлаи ин сиёсатҳост.

Кевин Родд, раҳбари ҳизби коргар, ки ҳамакнун аз қудрат меравад пас аз шикасти рӯзи шанбе гуфтааст, бори дигар номзади раҳбарӣ дар ин ҳизб намешавад.

Натиҷаи шумораи умумии овозҳои ҳанӯз дар ҷараён аст, аммо ҳадс зада мешавад, ки муҳофизкорон наздик ба 55 дар сади курсиҳоро аз они худ кардаанд.

Беш аз 1700 нафар барои интихобот номзад шуда будаанд, ки бинобар гузоришҳо рекорди тоза дар интихоботҳои ин кишвар аст.

Тибқи қавонинин Австралия интихоботи сенаторҳо ҳар шаш сол ва интихоботи маҷлиси намояндагон ҳар се сол дар ин кишвар баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG