Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби санадҳои деринтизор дар порлумони Украина


Вакилони порлумони Украина барои наздиктар кардани кишварашон ба Иттиҳодияи Аврупо як силсила санадҳоро тасвиб карданд. Онҳо аз ҷумла қонунеро тасвиб карданд, ки муқаррарот дар зиндонҳоро сабуктар мекунад ва ба зиндониён иҷоза медиҳад, телефони ҳамроҳ ва пули нақд дошта бошанду, либосҳои оддӣ бипӯшанд. Қонун дар бораи ислоҳоти низоми гумрукӣ ва иҷрои муносиби амрҳои додгоҳӣ қабул шуд. Виктор Янукович, раиси ҷумҳур ва раиси ҳизби ҳокими манотиқи Украина аз вакилон хоста буд, ки санадҳои мазкурро тасвиб кунанд. Украина умедвор аст, ба зудӣ Аҳдномаи мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо кунад, ки тиҷорати озод миёни ду тарафро ҳам пешбинӣ мекунад. Аммо Русия мухолифи ин аст ва мехоҳад, Украина ба Иттиҳоди Гумрук ва ба қатори Белорусу Қазоқистон бипайвандад.
XS
SM
MD
LG