Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД аз Русия ду зиреҳпӯши русии "Тигр" овард


Раёсати ҳарбии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ширкати «Военно-промышленная компания»-и Русия 2 зиреҳпӯши «Тигр» дастрас кардааст. Муовини аввали вазири дохила Нурулло Орифов дар расми ироаи ин зиеҳпӯшҳо гуфтааст, "зиреҳпӯшҳои «Тигр» барои ҳифзи тартиботи чамъиятӣ, амалиётҳои махсус ва дар муборриза бо ҷинояткорӣ истеҳсол гардида, дар шароити иқлими Тоҷикистон қобили қабул ва мувофиқ мебошанд."
ГАЗ-2330 «Тигр» як навъи мошини зиреҳпӯш аст, ки корхонаи мошинсозии Нижний Новгород (ГАЗ) аз соли 2001 бо фармоиши кишварҳои арабӣ ба сохтанаш шурӯъ кардааст. Арзиши ҳар мошини «Тигр» аз 100 то 120 000 доллар будааст.
XS
SM
MD
LG