Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари баронесса Саида Ворисӣ ба Тоҷикистон


Саида Ворисӣ
Саида Ворисӣ
Вазири давлатии вазорати хориҷаи Бритониё дар умури мазҳабҳо ва ҷомиаҳо баронеcса Саида Ворисӣ рӯзи 6 сентябр дар доираи як сафари дурӯза ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дафтари матбуоти сафорати Бритониё дар Тоҷикистон гуфт, ин нахустин сафари муовини аввали вазири корҳои хориҷии Бритониё ба Тоҷикистон буда, қарор аст, ки баронесса Ворисӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири иқтисод Шариф Раҳимзода ва бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорони тоҷик мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.
Масоили ҳамкориҳои ду кишвар, вазъи минтақа, ҳуқуқи инсон ва саҳми ширкатҳои бритониёӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон аз мавзӯъҳои аслии ин сафар гуфта мешаванд. Баронесса Ворисӣ дар робита ба сафараш гуфтааст: “Ман хело хушҳолам, ки ба Тоҷикистон ташриф меорам. Равобитҳои дуҷониба байни кишварҳои мо ба манфиати тарафайн рушд мекунад. Ман умедворам ки мулоқоти муфид бо ашхоси сиёсӣ ва соҳибкорон анҷом хоҳам дод.”
Саида Ҳусайн Ворисӣ 42 сол дошта, покистонитабор ва мусалмон аст. Ӯ моҳи сентябри соли 2012 ба мақоми вазири давлатӣ дар умури мазҳабҳо ва ҷомиаҳои Бритониё таъйин шуд.
XS
SM
MD
LG