Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон ба Иттиҳоди Гумрукӣ мепайвандад


Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури Арманистон, гуфт, кишвараш тасмим гирифтааст, ки ба Иттиҳоди Гумрукии ба раҳбарии Русия бипайвандад. Ӯ дар ин бора ҳангоми мулоқоташ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия сухан гуфт. Серж Саркиссиён ҳамчунин афзуд, Арманистон ҳамчунин омода аст, дар таъсиси Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё ширкат кунад. Владимир Путин бо изҳори қадрдонӣ аз баёнияи раиси ҷумҳури Арманистон гуфт, Русия дар пайвастани Арманистон ба Иттиҳодияи Гумрукӣ мусоидат хоҳад кард: "Ман бовар дорам, ки ҳамроҳ шудани Ереван ба сохторҳои ҳамоишии Авруосиё ба ҳамкориҳои иқтисодии муфид барои ҳарду кишвар, такони қавӣ хоҳад бахшид." Русияву Ҷумҳурии Белорус ва Қазоқистон, соли гузашта гуфтанд, қасд доранд, бо ҳамоиши сохторҳои иқтисодиашон то соли 2015 шабеҳи Иттиҳодияи Аврупо, Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиёро таъсис диҳанд. Русия саъй дорад, то кишварҳои дигари шӯравии собиқро ба ин созмон ҷалб кунад.
XS
SM
MD
LG