Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёздаҳ ҷонибдори Мурсӣ ба ҳабси абад маҳкум шуданд


Додгоҳи низомии Миср 11 ҷонибдори раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсиро аз рӯи парвандаи бенизомиҳо ва бархӯрдҳо дар моҳи июли соли равон ба ҳабси абад маҳкум кард. Онҳо дар хушунат алайҳи низомиён, аз ҷумла, бо истифода аз силоҳи оташфишон дар шаҳри Суэтс айбдор шуданд. Додгоҳ 45 тани дигар аз боздоштшудагонро ба муддати панҷсолӣ равонаи зиндон кард. 8 нафар бегуноҳ дониста шуданд.

Як додгоҳи дигар дар Миср дар мавриди бастани чаҳор шабакаи телевизионӣ, аз ҷумла, “Аҳрор 25”, ки аз сӯи ҷунбиши "Ихвон-ул-муслимин" идора мешаванд, ҳукм содир кард. Қарор аст, ки бахшҳои мисрии шабакаҳои телевизониии “Ал-Ҷазира”, “Мубошир Миср”, шабакаҳои исломии “Ал-Қудс” ва “Ал-Ярмук” ҳам баста шаванд. Рӯзи душанбе мақомоти Миср се хабарнигори бахши инглисии "Ал-Ҷазира"-ро бо далели ғайриқонунӣ будани сабти номашон аз кишвар берун карданд.

Шабакаҳои телевизионии басташуда дар пуштибонӣ аз раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсӣ ва ҷонибдорони ӯ айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG