Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди худкушии як зани узбак дар назди додситонии Дубай


Рӯзи 1 сентябр дар назди бинои додситони кулли Имороти муттаҳидаи Араб як зан кӯшиши худкушӣ кардааст. Ба навиштаи расонаҳои Иморат, ин зан миллаташ узбак буда, бо забони русӣ сухан кардааст. Ин зан дар миён бастаи моддаи тарканда таҳдид кардааст, ки агар бо роҳбарияти шаҳри Дубай вонахӯрад, худро ва писари панҷсолаашро, ки ҳамроҳаш будааст, дар назди додситонии кулл метарконад.
Гуфта мешавад, кормандони пулиси шаҳри Дубай ин занро дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG