Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти берунсозии муҳоҷирон аз Сочи шурӯъ шуд


Амри ихроҷи муҳоҷирон аз макони Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 шурӯъ аз 1 сентябр аз сӯи волии Краснодар Александр Ткачев содир шудааст.

Бар пояи барномаи ҳукумати вилояти Краснодар, ҳама муҳоҷирони корӣ баъд аз анҷоми бунёди муассисаҳои олимпӣ бояд ба ватанашон баргардонида шаванд. Ба ин хотир мақомоти вилоят бо корфармоён созишномаи иловагӣ имзо намуданд – корфармоён муваззафанд, ки тайи даҳ рӯз баъд аз анҷоми қарордод муҳоҷиронро аз вилоят берун кунанд. Ба ҳамаи 44 идораву ширкати сохтмонии Сочи тавсия шудааст, ки “феҳристи гастарбайтерҳо”-ро таҳия кунад ва ҳама муҳоҷиронро қабл аз додани маоши охирин бо билети ҳавопаймо таъмин намоянд.

Ба иттилои хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ, рӯзи якшанбе, 1 сентябр, полиси Сочи ба амалиёти вижа дар маҳаллаҳои шаҳр, ки гуфта мешавад муҳоҷирони корӣ зиндагӣ ба сар мебаранд, шурӯъ кард. Афроде, ки ихтиёрӣ шаҳрро тарк кардан намехоҳанд, ба қароргоҳи муваққат дар шаҳраки Вардане интиқол меёбанд. Ин қароргоҳ ба лагери муҳоҷирон дар Голяновои Маскав шабоҳат дорад ва шаҳрвандони “бегона” то истирдод ба ватани худ он ҷо боқӣ хоҳанд монд. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки айни ҳол дар муассисаҳои олимпии Сочи аз 30 то 60 ҳазор муҳоҷирон кор мекунанд.

Нусрат Исматов, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар минтақаи федеролии ҷанубии Русия, ба мо гуфт, ки айни ҳол дар вилояти Краснодар 38 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд ва теъдоди зиёди онҳо ба бунёди муассисаҳои олимпӣ фаро гирифта шудаанд. Ӯ афзуд, ки воқеъан аз 1 август мақомоти маҳаллӣ додани муҷаввиз ё патент барои муҳоҷиронро қатъ кардаанд ва қарор аст, ки додани иҷозаи кор ба ширкату идораҳо баъд аз анҷоми бунёди
биноҳои олимпӣ ҳам қатъ шавад. Ҳамзамон Нусрат Исматов мегӯяд, ки муносибат бо муҳоҷирони тоҷик дар Краснодар ва, ба вижа, дар муассисаҳои олимпӣ хубу хайрхоҳона аст, зеро онҳо аз таҳти дил кор мекунанд ва тақрибан даст ба хилоф намезананд. Барои намуна, меафзояд ӯ, тайи чаҳор моҳи ахир, аз шаҳри Сочи 14 ҳазор шаҳрвандони Ӯзбакистонро хориҷ кардаанд, теъдоди тоҷикони ихроҷшуда бошад ҳамагӣ 14 нафар аст.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Нусрат Исматов, таври маъмул шаҳрвандони Тоҷикистон бо фарорасии сармо Русияро тарк мекунанд ва охирҳои баҳор ба ин кишвар бармегарданд, яъне, рӯзҳои Бозиҳои олимпӣ аксар шаҳрвандони Тоҷикистон дар зодгоҳҳои худ хоҳанд буд.

Мақомоти вилояти Краснодар мегӯянд, ки ҳадаф аз ихроҷи муҳоҷирони корӣ аз шаҳр – таъмини амният дар Бозиҳои зимистонаи олимпист. Бозиҳои олимпии Сочи аз рӯзи 7 то 23 феврал ва бозиҳои паралимпӣ аз 7 то 16 марти соли 2014 баргузор мешаванд. Ба хотири “таъмини амнияти ин бозиҳо” чанде пеш Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, тазоҳуроту гирдиҳамоиҳоро дар арафа ва ҳангоми бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Сочи манъ кард. Амри Путин дар бораи андешидани чораҳои амниятӣ барои бозиҳои олимпӣ чанд рӯз пеш дар “Российская Газета”, нашрияи расмии ҳукумати Русия чоп шуд ва дар он гуфта шудааст, ки ҳама “ҳамоишу раҳпаймоӣ ва тазоҳуроту таҷаммӯъ” дар Сочи аз 7 январи то 21 март мамнӯъ карда мешавад. Теъдоде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, амри мазкурро ғайриқонунӣ хонда ва гуфтаанд, ки пулис метавонад, бо такя ба он ҳар навъ тазоҳуротро пароканда кунад. Ҳамҷинсгароён гуфтаанд, ки қасд доранд, дар шаҳри Сочи алайҳи қонун дар бораи манъи тарғиби ҳамҷинсгароӣ дар Русия тазоҳурот баргузор кунанд.
XS
SM
MD
LG