Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар пайи ташкили эътилоф алайҳи Сурия аст


Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико, гуфт, кишвараш ҳамчунон саъй дорад, бо ташкили “эътилофи байналмилалӣ” алайҳи Сурия иқдом кунад. Қабл аз ин баёнияи ӯ, порлумони Бритониё пешниҳоди ҳукумат барои мудохилаи низомӣ дар Сурияро рад кард. Чак Ҳагел рӯзи ҷумъа дар шаҳри Манила гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо муттафиқонаш дар бораи роҳҳои аксуламал ба ҳамла аз аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурия машварат дорад. Пас аз раъйдиҳӣ дар порлумони Бритониё, ҳукумати Амрико гуфт, мумкин аст, бе ширкати Бритониё ҳам ба Сурия зарба бизананд. Дар ин баёния омадааст, қарорҳо дар ин заминаро “Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо назардошти манофеъи калидии Иёлоти Муттаҳида қабул хоҳад кард.” Вашингтон мегӯяд, ки истифодаи гази кушанда дар канори шаҳри Димишқ, ки садҳо нафарро ҳафтаи гузашта кушт, кори дасти нерӯҳои давлатии Сурия будааст. Ҳукумати Сурия ин иддаъоро рад карда ва гуфтааст, ки “худро аз ҳаргуна таҷовуз муҳофизат хоҳад кард.”
XS
SM
MD
LG