Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти яке аз раҳбарони ҷангҷӯён дар Ҳиндустон


Полиси Ҳиндустон яке аз поягузорони гурӯҳи манъшудаи ҷангҷӯй бо номи Муҷоҳидини Ҳиндро ба ҳабс гирифт.

Ин гурӯҳ бо ташкили ҳамлаҳо дар Мумбай, Деҳлии нав, Бангалор, Ҳайдаробод ва Пун муттаҳам мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Ҳиндустон мегӯяд, Ёсин Бҳаткал рӯзи чоршанбе дар шимоли Ҳиндустон дастгир шуд.

Ӯ ва се нафари дигар бо даст доштан дар се бомбгузории 13-уми июли соли 2011-ум дар шаҳри Мумбай, ки ҳаёти 27 нафарро аз байн бурд, муттаҳам дониста мешаванд.

Ҳукуматҳои Ҳиндустон, ИМА ва Британия гурӯҳи исломии Муҷоҳидини Ҳиндро созмони террористӣ эълон кардаанд.
XS
SM
MD
LG