Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ман орзу дорам»


Нутқи таърихии Мартин Лютер Кинг дар таърихи 28-уми августи соли 1963 дар шаҳри Вашингтон.



Панҷ даҳсола қабл аз ин, америкоии бузург, ки зери номи рамзии ў мо имрўз ҷамъ омадаем Прокломатсияро (варақаи чопии мазмуни сиёсӣ дошта) дар бораи озодкунии сиёҳпўстон ба имзо расонид.
Ин нидои муҳим умеди миллионҳо сиёҳпўст ба ҳисоб мерафт, ки дар хомўш гардонидани оташи ноадолатиҳои иҷтимоӣ нақши асосиро бозидааст. Он субҳи хушбахтӣ, ба анҷомрасии шаби дарози зулмот буд.

Аммо дар тўли садсолаҳо мо маҷбур шудем далелҳои фоҷиаборро дарк намоем, ки то ҳол сиёҳпўстон озод нестанд. Баъди сад сол ҳаёти сиёҳпўстон, мутаассифона, мисли пешина дар ҳоли табоҳ ва табъизҳои ҳуқуқӣ қарор дорад. Пас аз сипари гардидани сад сол сиёҳпўст ҳамоно дар саҳрои камбаѓалии ҷазирае дар дохили уқёнуси бузурги гулгулшукуфии ҳаёти моддӣ умр ба сар мебарад. Баъди сад сол сиёҳпўст мисли пештара берун аз дарвозаи ҷомеаи амрикоӣ қарор доранд ва дар замини худ гуё бадарѓа аст.

Ана мо имрўз омадем ба ин ҷо то ин вазъи мусибатангезро қайд намоем.
Бо як маъно мо ба пойтахти ватани худ ворид гардидем то ин ки нақдинаро аз рўи ҳуҷҷат соҳиб шавем. Ҳамон вақте, ки меъморони ҷумҳурии мо вожаҳои зебо дар бораи Сарқонун ва Декларатсияи истиқлолият навиштанд, онҳо инчунин ҳамин ҳуҷҷатро имзо гузоштанд, ки ба ҳар як америкоӣ ба мерос монад. Мувофиқи ин ҳуҷҷат ба ҳамаи одамон ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодӣ ва саъй намудан ба хушбахтӣ кафолат дода шудааст.

Имрўз мушоҳида мешавад, ки Амрико дар вазъе қарор дорад, ки ба шаҳрвандони сиёҳпўст ва сурхпӯсти худ мувофиқи он ҳуҷҷат ҳуқуқи онҳоро пардохт натавониста истодааст. Ба ҷои он, ки ин қарзи муқаддасро адо намояд, Амрико ба мардуми сиёҳпўсти худ ҳуҷҷати нодурустро пешниҳод намуд, ки бо қайди унвонии «норасоии восита» баргашт. Аммо мо бовар намекунем, ки бонки ҳақиқатҷўӣ муфлис гардидааст. Мо бовар намекунем, ки дар хазинаи бузурги имкониятҳои давлати мо воситаҳо намерасанд.

Ва мо омадаем баҳри гирифтани ҳуҷҷате, ки ба мо ганҷҳои озодӣ ва кафолати адолатро медиҳад. Мо инчунин омадаем ба ин мавзеи муқаддас, баҳри он ки Амрикоро дар бораи талаботи зарурии рўз хотиррасон намоем. Ҳоло на вақти он аст, ки мо аз чораҳои хомўшкунанда ё қабули давоҳои оромкунандаи мунтазам қонеъ бошем. Вақти он расидаст, ки аз водии зулмоти дидаву донистаи табъизи нажодӣ баромада, ба роҳи гулгулшукуфии адолати нажодӣ қадам ниҳем. Вақти он расидааст, ки дари имкониятҳоро ба рўйи ҳамаи фарзандони Офаридгор кушод. Вақти он расидаст, ки бояд миллати моро аз регрезаҳои беадолатиҳои нажодӣ ба қуллаи устувори бародарӣ бурд.

Барои кишвари мо қасдан ба назар нагирифтани ҳолати мавҷуда, дар масъалаи сиёҳпўстон ва иродаи сиёҳпўстонро нодида гирифтан хавфноку марговар аст. Тобистони тафсони норозигии қонунии сиёҳпўстон то замоне ба анҷом намерасад, ки тирамоҳи хурсандкунандаи озодӣ ва баробарӣ фаро нарасад. Соли 1963 ин охир нест, балки ибтидост. Ҳар касе умед дошт, ки сиёҳпўст норозигии худро ифшо кард ва акнун ором хоҳад буд, тезутунд бедор хоҳад шуд, агар миллати мо ба ҳаёти маъмулии худ баргардад. То замоне, ба сиёҳпўст ҳуқуқҳои шаҳрвандии ў дода нашаванд, дар Амрико оромӣ нахоҳад буд. Мавҷҳои инқилобӣ, пояҳои давлати моро то он вақте, рўзи равшан ва адолат пойдор нагарданд, такон хоҳад дод.

Аммо ҳаст чизе, ки ман бояд барои халқам, ки дар остонаи воридшавӣ ба қасри адолат қарор дорад бигўям. Дар раванди мубориза барои аз худ намудани ҳуқуқе, ки ба мо тааллуқ дорад, мо бояд асос барои кирдори ношоям надиҳем. Биёед ташнагии ба озодии худро аз косаи ғаму андўҳ ва нафрат шодоб насозем.

Мо бояд ҳамеша муборизаи худро аз диди хайр ва шараф боинтизомона ва арзанда амалӣ намоем. Мо набояд гузорем, ки эътирози созандаи мо ба зўроварии ҷисмонӣ мубаддал гардад. Мо бояд саъй кунем то куллаҳои баландро фатҳ намуда ба муқобили қувваи ҷисмонӣ бо нерўи рўҳӣ ҷавоб гардонем. Иродатмандии хеле хубе, ки ҷомеаи сиёҳпўстонро фаро гирифта аст, набояд моро ба нобоварӣ аз ҷониби ҳамаи одамони сафедпўст оварад, дар ҳоле, ки бисёре аз бародарони сафедпўсти мо инро донистанд ва дар байни мо қарор доштани онҳо имрўз шаҳодати он аст, ки онҳо дарк кардаанд, ки тақдири онҳо аз тақдири мо ва озодии онҳо бо озодии мо ногусастанӣ аст. Мо дар танҳоӣ ҳаракат карда наметавонем.

Ҳаракатро оғоз намуда, мо бояд қасам ёд кунем, ки танҳо ба пеш ҳаракат менамоем. Мо ба қафо бозгашта наметавонем. Ҳастанд нафароне, ки ба онҳое, ки ба кори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ содиқ ҳастанд суол мекунанд: «кай шумо ором мешавед?». Мо ягон вақт ором буда наметавонем, то ҳоле ки ҷисмҳои аз душвориҳои сафарҳои дурудароз мондашудаи мо дар меҳмонхонаҳои шаҳрӣ ва корвонсаройҳои сари роҳ ором нагирад. Мо ором шуда наметавонем, дар ҳоле ки шакли ҳаракати сиёҳпўстон аз гетоҳои хурд ба геттоҳои калон боқӣ мемонад. Мо ором буда наметавонем, то ҳоле ки сиёҳпўст дар Миссисипӣ наметавонад овоз диҳад ва дар Ню-Йорк сиёҳпўст фикр мекунад, ки чизе нест, ки ў барои ҳамон овоз диҳад. Не, не мо барои оромӣ асос надорем ва мо ором шуда наметавонем, то он даме, ки адолат ба мисли обҳо нашорад, ростҷўӣ ба ҷараён шабоҳат пайдо накунад.

Ман фаромўш намесозам, ки бисёре аз Шумо бо воситаи гузаштан аз имтиҳон ва ва уқубатҳои бузург ба ин ҷо ҳозир шудаед. Баъзеи шумо ба ин ҷо рост аз ҳуҷраҳои танги зиндонҳо омадаед. Бархе аз шумо ба ин ҷо аз минтақаҳое омадаед, ки ҳатто барои саъйи шумо ба озодӣ пулис ва жандармҳо таъқиб мекарданд. Шумо собиқадорони уқубатҳои созанда гардидед. Меҳнатро идома диҳед бо боварии оне, ки ба ивази азобу уқубат подош хоҳед гирифт. Бозгардед ба Миссисипӣ, бозгардед ба Алабама, бозгардед ба Луизиана, бозгардед ба манзилҳо ва геттоҳои шаҳрҳои шимолии худ бо донистани он ки ин ҳолат таѓйир хоҳад ёфт. Биёед дар водии яъсу навмедӣ ранҷ набарем.

Ман ба Шумо дўстони ман имрўз мегўям, ба мушкилот ва дилсардиҳо нигоҳ накарда ман орзу дорам. Ин орзу дар дохили орзуи америкоӣ амиқ реша давонидааст, ман орзу дорам, рўзе мерасад ва миллати мо бедор мешавад ва ба амалӣ гардидани шиори воқеии худ: «Мо чунин мешуморем, ки бебаҳс ҳамаи одамон баробар офарида шудаанд» хоҳад расид. Ман орзу дорам, дар сурхтеппаҳои Ҷорҷия рўзе мерасад, ки фарзандони дар собиқ ғуломон бо фарзандони ғуломдорон якҷоя сари мизи бародарӣ менишинанд, ман орзу дорам, рўзе мерасад, ки ҳатто иёлоти аз ноҳақиҳо ва зулму бадӣ ба биёбон табдилёфтаи Миссисипӣ ба як чаманзори зебову озоди ҳақиқатпарвар табдил меёбад. Ман орзу дорам, мерасад рўзе, ки чаҳор фарзанди ман дар кишваре ба сар мебаранд, ки онҳоро аз рўйи ранги пўсташон не, балки аз он, ки онҳо аз худ киро муаррифӣ менамоянд баҳо медиҳанд. Ман имрўз орзу дорам. Ман орзу дорам, ки мерасад рўзе иёлоти Алабама, ки губернатораш, дар бораи дахолат ба корҳои дохилии иёлот сухан мегўяд, қонунҳои аз ҷониби конгресс қабулшударо эътироф намекунад, ба он муваффақ мегардад, ки кўдакони хурдакаки сиёҳпўст бо кўдакони сафедпўст даст бо ҳам мегиранд ва бо ҳам хоҳанд рафт. Ба монанди бародарон ва хоҳарон.

Ман имрўз орзу дорам, мерасад рўзе, ки ҳама ҳақирон ба пой мехезанд, ҳамаи теппаҳо ва кўҳҳо паст мегарданд, ҷойҳои ноҳамвор ба ҳамворӣ мубаддал мегарданд, бузургии Худованд пеши назари ҳама маротибаи дигар ҷилвагар мегардад ва ҳамаи мирандагон ба ин бовар мекунанд. Ҳамин аст умедҳои мо. Бо ин боварӣ ман бармегардам ба Ҷануб. Бо ин гуна умедҳо мо метавонем санги орзуҳоро аз кўҳи ноумедӣ ҷудо намоем. Бо ҳамин орзуҳо мо метавонем садои баланд нагардидаи номуназзами халқи худро ба хушоҳангии бародарӣ табдил диҳем. Бо ҳамин умедҳо мо метавонем якҷоя меҳнат намоем, якҷоя ибодат намоем, якҷоя мубориза барем, якҷоя ба ҳабсхонаҳо равем, якҷоя озодиро ҳифз намоем, бо дарки он ки як вақт мо озод хоҳем шуд.
Ин рўзе хоҳад буд, ки бандагони Худо метавонанд сароянд ва ба ин гуфтаҳо афкори нав зам намояд: «Кишвари ман, ин манам барои ту, замини ширини озодӣ, ин манам, ки туро месароям. Замине, ки он ҷо падарони мо хобидаанд, замини шарафманди пилигримҳо (зоирин) бигзор озодӣ садо барорад аз тамоми қуллаҳои кўҳҳо».

Агар Амрико кишвари бузург шудани аст, ин ҳатман ба амал меояд.
Бигзор озодӣ садо диҳад аз баландии теппаҳои дилрабои Ню-Хемпшир!
Бигзор озодӣ садо диҳад аз кўҳҳои бузурги Ню-Йорк!
Бигзор озодӣ садо диҳад аз кўҳҳои баланди Алегении Пенсилвания!
Бигзор озодӣ садо диҳад аз қуллаҳои барфпўши кўҳҳои Колорадо!
Бигзор озодӣ садо диҳад аз қуллаҳои пурпечутоби кўҳҳои Калифорния!
Бигзор озодӣ садо диҳад аз кўҳҳои Лукаут ва Теннессӣ!
Бигзор озодӣ садо диҳад аз ҳар як теппа ва пастхамии Миссисипӣ!

Вақте ки мо ба озодӣ садо имкон медиҳем то он аз ҳар як деҳа, ва макони одамнишин озодӣ садо диҳад, аз ҳар иёлот ва шаҳр озодӣ садо диҳад, мо метавонем он рўзро тезонем, вақте ки ҳамаи бандагони Парвардигор, сиёҳпўстон ва сафедпўстон, яҳудиҳо ва гуногунзабонҳо, протестантҳо ва католикҳо, метавонанд дасти ҳамдигарро гиранд, гимни маънавии қадимаи сиёҳпўстон «Билохира Озодем, билохира Озодем! Ташаккур ба Худои бузург, ки мо билохира Озодем» садо медиҳад!».


Тарҷума ва пешниҳоди Ҳотами Файзуллоҳ
XS
SM
MD
LG