Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Медведевро дар либоси таҳпӯши занона тасвир кардаанд


Дар шаҳри Санкт-Петербург дар намоишнгоҳи осори наққошӣ пулис асареро боздошт кард, ки дар он президент Владимир Путин ва нахуствазир Дмитрий Медведев дар либоси таҳпӯши занона тасвир шудаанд.

Пулис мегӯяд, ки шоми рӯзи душанбе осори наққоширо аз ду ҳуҷраи намоишгоҳи наққошиҳо дар музей гирифтаанд, зеро дар бораи ғайриқонунӣ будани ин асарҳо ба онҳо гузориш расидааст.

Дар бораи ҷузъиёти ин кор хабар дода намешавад, вале тибқи қонунҳои Русия, барои тавҳини шахсиятҳое, ки дар сари қудрат ҳастанд, як соли зиндон пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG