Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олланд: "Ҷанги Сурия ба суботи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад"


Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса мегӯяд, кишвараш ҳозир аст, онҳоеро, ки дар Сурия алайҳи ғайринизомиён аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода кардаанд, ҷазо бидиҳад. Ӯ рӯзи сешанбе дар шаҳри Порис гуфт, ҷанг дар Сурия ба «суботи ҷаҳонӣ» таҳдид мекунад ва афзуд, ки Фаронса кӯмаки низомӣ ба шӯришиёни Сурияро афзоиш хоҳад дод. Аз ин пештар Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико, ба телевизиони Би Би Си гуфт, дар сурати амри раиси ҷумҳур Барак Обама, нерӯҳои кишвараш омодаанд, билофосила алайҳи Сурия иқдом кунанд. Дигар ин ки қарор аст, рӯзи панҷшанбе порлумони Бритониё масъалаи иқдоми низомии эҳтимолӣ алайҳи Сурияро баррасӣ кунад. Русия ҳушдор дод, ки истифодаи зӯр алайҳи Сурия паёмадҳои фалокатборе дар минтақа хоҳад дошт. Ба гуфтаи Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири Русия, кишварҳои ғарбӣ бо ҷаҳони ислом “мисли маймун бо норинҷак” рафтор мекунанд. Волид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ аз тарафи нерӯҳои давлатиро рад кард. Дар ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе бо истифода аз гази кушанда садҳо нафар дар ҳошияи шаҳри Димишқ кушта шуданд. Ҷузъиёти бештар дар идомаи барнома.
XS
SM
MD
LG